Шиносои 44 бемори ҷадид Ковид-19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i57705-Шиносои_44_бемори_ҷадид_Ковид_19_дар_Тоҷикистон
Шумори мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 44 бемори ҷадид дар соати 19 рӯзи сешанбе 22 сентябр ба 9 ҳазору 432 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 22, 2020 17:36 Asia/Dushanbe
  • Шиносои 44 бемори ҷадид Ковид-19 дар Тоҷикистон

Шумори мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 44 бемори ҷадид дар соати 19 рӯзи сешанбе 22 сентябр ба 9 ҳазору 432 нафар расид.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ижтимоии аҳолии Тожикистон, шумори афроди фавтшуда бар асари ин беморӣ низ ҳамчунон 73 нафари пешин аст.  

Аз 9 ҳазору 432 бемори Ковид-19 дар Тоҷикистон то кунун ҳашт ҳазору 199 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи охир 110 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба Ковид-19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 47 бемор ҳам аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Аз сӯи дигар эълом шудааст, ки дар 10 озмоишгоҳ дар Тоҷикистон аз корманди идораҳои давлатӣ, донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳо озмоиши корона гирифта мешавад.

Гуфта мешавад, ки бо таҷҳизоти озмоишгоҳии сохти Чин дар муддати се соат ва бо таҷҳизоти русӣ дар шаш соат посухи ин озмоишҳо омода мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар тозатарин баёнияи хеш эълом кардааст, ки озмоиши саросарӣ барои шиносоии беморони Ковид-19 дар кишвар анҷом нахоҳад шуд ва танҳо дар мавориде, ки дар идорот, корхонаҳо, марокизи омӯзишӣ ва тиҷорӣ нишонаҳои ин беморӣ мушоҳида шавад, тамоми кормандон бояд озмоиш диҳанд.