Афзоиши 65 миллиондолларии муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон
(last modified Wed, 23 Sep 2020 08:28:09 GMT )
Сентябр 23, 2020 13:28 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 65 миллиондолларии муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон

Мизони содироти маҳсулоти Узбакистон ба Тоҷикистон таи ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба 317 миллион доллар расида аст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пеш афзоиши 65 миллиондоллариро нишон медиҳад .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз сомонаи Спутник , бо вуҷуди густариши вируси корона ва маҳдуд шудани равобити тиҷории кишварҳо, аммо содироти маҳсулоти саноъатии Узбакистон ба Тоҷикистон таи ҳашт моҳи соли ҷорӣ афзоиш ёфта аст .

 Асоситарин  колои содиротии Узбакистон ба Тоҷикистон дар ин муддат яхдон, бухориҳои барқӣ , маҳсулоти соҳаи нафту кимиё, доруҳои кимиёӣ, газ ва фулузот буда аст.

 Муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2019 наздик ба 400 миллион доллар эълом шуда буд .

 Интизор меравад, ки бо баргузории нишасти коммисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистону Узбакистон охири моҳи сентябр ба раёсати нахуствазирони ду кишвар дар шаҳри Душанбе тасмимҳои тозае дар бораи густариши ҳамкориҳои ин ду кишвари ҳамсоя дар заминаҳои мухталиф гирифта шавад.