Сентябр 24, 2020 09:58 Asia/Dushanbe
  • Вазорати тандурустии Тоҷикистон мизони кумак ба хонаводаҳои фақирро эълом кард

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон нахустин бор мизони кумакҳои расондашуда ба хонаводаҳои фақирро эълом кард .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Спутник , Шодихон Ҷамшед дар ҷаласаи ҳайати мушовираи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфта аст, ки танҳо дар ҳашт моҳи нахусти имсол дар 40 ноҳияи кишвар ба 103 ҳазор хонаводаи фақир 16 миллион сомонӣ кумаки молӣ расонда шуда аст .

 Вай таъкид карда аст, ки дар шаш соли ахир дар чорчӯби барномаи ҳимоят аз қишҳои фақир дар Тоҷикистон ба аъзои 470 ҳазору 500 хонаводаи ниёзманд беш аз 138 миллион сомонӣ кумаки молӣ ироа шуда аст .

 Ин дар ҳоле аст, ки Бонки ҷаҳонӣ низ ба далели густариши вируси корона барномаи кумаки 50 миллиондолларӣ ба қишрҳои осебпазир дар Тоҷикистонро дар дастури кор қарор дода аст .