Ҳамлаи афроди ношинос ба раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
(last modified Sat, 26 Sep 2020 07:07:41 GMT )
Сентябр 26, 2020 12:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи афроди ношинос ба раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барои дувуминбор тайи се соли ахир мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, Раҳматилло Зоиров гуфтааст, ки ду фарди ношинос шабона дар назди хонааш ба вай ҳамла кардаанд, ки мӯҷиби ворид омадани осиб ба сару сурташ шудааст.

Вай таъкид кардааст, ки дар ин маврид ба пулис шикоят нахоҳад кард, ки ба ин ниҳоди интизомӣ эътимод надорад. Зеро дар соли 2017 низ мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт ва шикояташ дар ин маврид бидуни натиҷа монад ва авомили ин ҳодиса шиносоӣ ва боздошт нашуданд. Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ангезаи эҳтимолии ин ҳамларо фаъолиятҳои ифшогаронаи хеш унвон мекунад, ки бо сафар ба бисёре аз манотиқи ин кишвар дурӯғгӯҳои масъулон ба Эмомалӣ Раҳмонро собит хоҳад кард.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон интихоботи рӯзи 11 октябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро таҳрим кардааст.