Сабти 42 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон
Сентябр 26, 2020 13:54 Asia/Dushanbe
Бо сабти 42 мавриди ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон шумори ин беморон ба 9 ҳазору 562 нафар расид.
Ба гузориши маркази матбуотии вазорати тандурустии Тоҷикистон, шумори мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 42 бемори ҷадид дар соъати 19 рӯзи ҷумъа (025 сентябр) ба 9 ҳазору 562 нафар расид.
Шумори афроди фавт шуда низ бар асари Ковид-19 бидуни афзоиш ҳамон 74 нафари пешин аст.
Аз 9 ҳазору 562 бемори Ковид-19 дар Тоҷикистон токунӯн ҳаштҳазору 341 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Дар шабонарӯзи ахир 98 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба Ковид-19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 45 бемор ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Ҳудӯди ҳазорнафар ҳам дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.