Сабти 43 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i57816-Сабти_43_мавриди_ҷадиди_Ковид_19_дар_Тоҷикистон
Бо сабти 43 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон шумори ин беморон ба 9 ҳазору 605 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 26, 2020 19:16 Asia/Dushanbe
  • Сабти 43 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон

Бо сабти 43 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон шумори ин беморон ба 9 ҳазору 605 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорат тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 43 бемори ҷадид дар соати 19 рӯзи шанбе 26 сентябр 9 ҳазору 605 нафар расид.

Шумори афроди фавтшуда бар асари Ковид-19 низ бидуни афзоиш ҳамон 74 нафари пешин аст.

Аз 9 ҳазору 605 бемори Ковид-19 дар Тоҷикистон то кунун ҳашт ҳазору 385 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 97 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба Ковид-19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 44 бемор ҳам аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ҳудуди ҳазор нафар ҳам дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.