Сентябр 27, 2020 12:26 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Русия ба Тоҷикистон дар мубориза бо вируси куруно

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Русия аз кумакҳои кишвараш ба Тоҷикистон барои мубориза бо Ковид- 19 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Мария Захарова гуфтааст, ки Русия дар чорчуби барномаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон бастаҳои ташхиси куруно барои озмоиши 700 ҳазор нафар ба ин кишвар эҳдо кардааст.

Вай ҳамчунин аз ирсоли бастаҳои ташхиси вируси куруно ба Тоҷикистон барои тести 50 ҳазор нафари дигар дар рӯзҳои наздик хабар дод.

Ба гуфтаи Захарова мутахассисони русӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озмоишгоҳи санҷиши Ковид- 19-ро таъсис кардаанд, ки дуввумин озмоишгоҳи вирусшиносӣ дар ин кишвар буда ва аз зарфияти ташхиси вируси курунои 200 нафар дар шабонарӯз бархӯрдор аст.

Вай таъкид кардааст, ки Маскав ба Тоҷикистон миқдори зиёди дастгоҳи танаффуси маснуъӣ, табсанҷ, либосҳои ҳифозатии пизишкӣ, маводи зиддиуфуникунанда, маводи ғизоӣ, сухт ва дору ирсол карда аст, ки ҳамагӣ ройгон аст.

Аз сӯи дигар мутахассисони вирусшиноси Русия ба ҳамроҳи кормандони Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ борҳо барои кумак ба кадри дармонии Тоҷикистон дар мубориза бо Ковид- 19 ба ин кишвар сафар кардаанд.

 

Барчасп