Шиносоии 41 мавриди нави КОВИД 19 дар Тоҷикистон
Бо шиносоии 41 мавриди нави КОВИД 19 дар Тоҷикистон шумори ин беморон ба 9 ҳазору 646 нафар расид .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони КОВИД 19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 41 мавриди нав дар соати 10 рӯзи душанбе, 28 сентябр ба 9 ҳазору 646 нафар расид.
Шумори ашхоси фавтшуда бар асари КОВИД 19 низ бидуни афзоиш ҳамон 75 нафари пешин аст .
Аз 9 ҳазору 646 бемори КОВИД 19 дар Тоҷикистон то кунун 8 ҳазору 430 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Дар шабонарӯзи ахир 93 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба КОВИД 19 дар марказҳои дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 45 бемор ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Ҳудуди ҳазор нафар низ дар хонаҳои худ таҳти назорати пизишкон дармон мешаванд.