Сентябр 28, 2020 10:27 Asia/Dushanbe
  • Ҷуброни зарари корона ба бахши гардишгарии Тоҷикистон чӣ қадар тул мекашад?

Муовини раиси Кумитаи давлатии рушди гардишгари(сайёҳи)и Тоҷикистон муътақид аст, ки бемории КОВИД 19 зарарҳои фаровоне ба бахши гардишгарии кишвар расонда аст .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Ховар, Камолиддин Муъминзод гуфта аст, ки густариши вируси корона муҷиби ворид омадани зарарҳои вазнин ба бахши гардишгарии Тоҷикистон шуд ва барои эҳёи дубораи ин соҳа ба замони се то чаҳорсола ниёз аст.

 Вай таъкид карда аст, ки дар ҳоли ҳозир яке аз иқдомҳои муҳим дар ин маврид рушди гардишгарии дохилӣ аст, ки ҳануз ҳам тоҷикистониҳо ба ин мавзӯъ тавваҷуҳ нишон намедиҳанд ва солҳои қабл низ сайру сафарҳои дохилӣ дар ин кишвар ба манзури ошноӣ бо ҷозибаҳои гардишгарӣ ривоҷ наёфта буд .

 Ба гуфтаи Муъминзод густариши вируси корона  муҷиби аз даст додани як миллион нафар гардишгари хориҷӣ дар соли ҷорӣ шуд, ки метавонистанд манбаъҳои молии зиёде ба буҷети ҳукумати Тоҷикистон ворид кунанд .

 Дар соли 2019 ҳудуди 1 миллиону 254 ҳазор гардишгари хориҷӣ вориди Тоҷикистон шуданд, ки имсол ба далели густариши бемории КОВИД 19 ин раванд мутаваққиф шуд .

 

Барчасп