Сабти 39 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид -19 дар Тоҷикистон
Бо сабти 39 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид -19 дар Тоҷикистон шумори беморони корона дар ин кишвар ба 9 ҳазору 685 нафар расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони Ковид - 19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 39 бемори ҷадид дар соати 19 рӯзи душанбе 28 сентябр ба 9 ҳазору 685 нафар расид .
Шумори афроди фавтшуда бар асари Ковид - 19 низ бидуни афзоиш ҳамон 75 нафари пешин аст .
Аз 9 ҳазору 685 бемори Ковид -19 дар Тоҷикистон то кунун ҳашт ҳазору 483 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Дар шабонарӯзи ахир 79 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба Ковид - 19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 53 бемори ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Ҳудуди ҳазор нафар низ дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд .