Сентябр 29, 2020 11:54 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Тоҷикистон аз даргирии низомӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо интишори баёнияе аз Боку ва Ереван даъват кард барои поён додан ба даргирии низомӣ иқдомоти фаврӣ анҷом диҳанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Форс , дар баёнияи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон омада аст: Тоҷикистон аз даргирии низомӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон ба шиддат ибрози нигаронӣ мекунад .

 Дар ин баёния аз ду тараф даъват шуда аст барои поён додан ба даргирии низомӣ иқдомоти фавриро анҷом диҳанд .

 Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид карда аст: Ҳаллу фасли муноқишаи Қарабоғ танҳо аз тариқи равишҳои сиёсӣ ва дипломатӣ имконпазир аст ва роҳи ҳалли мусолиматомези таззоди мавҷуд дар чорчуби меъёрҳои пазируфташудаи байналмиллалӣ аҳамияти истисноӣ дорад .

 

Барчасп