Худдории комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз сабти номи корманди Азия плюс
Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз сабти номи корманди хабаргузории Азия плюс барои пӯшиши интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр худдорӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик , мудирияти хабаргузории Азия плюс номи 9 корманди хешро барои пӯшиши интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябри имсол ба комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон ироа карда, аммо ин комиссия хостори ироаи гувоҳиномаи сабти номи ин хабаргузор аз сӯи Вазорати Фарҳанги Тоҷикистон шудааст .
Мақомҳои Вазорати Фарҳанги Тоҷикистон низ мегӯянд нахуст бояд муҷаввизи комитети давлатии амнияти миллиро дарёфт кунанд.
Бар асоси қонуни матбуоти Тоҷикистон ҳар се сол бояд муҷаввизи фаъолияти хабаргузориҳо ва сомонаҳо дар ин кишвар тамдид шавад, аммо то ба ҳол мақомоти Вазорати Фарҳанги Тоҷикистон ба дархости мудирияти хабаргузории Азия плюс барои сабти номи ин сомона посух надода ва мегӯянд, ки мунтазири номаи расмии комитети давлатии Амният миллӣ ҳастанд .
Ин дар ҳоле аст, ки сомонаи интерентии аслии хабаргузории АКзия плюс аз соли 2017 дар Тоҷикистон аз дастрас хориҷ шуда ва мақомоти ожонси давлатии мухобирот ва иртибототи Тоҷикистон далели ин иқдомро фаннӣ унвон мекунанд .