Сентябр 30, 2020 13:38 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи муҷтамаи муштараки Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикиситон дар ноҳияи Шаҳринав дар ғарби Душанбе муҷтамаи муштараки Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро ифтитоҳ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ноҳияи Шаҳринав сафар кардааст, муҷтамаи муштараки Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро ифтитоҳ кард .
Ин муҷтама корхонаи сохти мебел, коргоҳи хайётӣ, истахри парвариши моҳӣ, ҳотел ва боғи ангурро шомил мешавад .

Фабрикаи мебел бо номи "Марва мебел" аз таҷҳизоте, ки аз кишварҳои Аврупо ворид карда мешавад, барои истеҳсол ва таъмин намудани 300 намуди маҳсулот, аз ҷумла ҷевонҳо, мизу курсиҳо, катҳо, дару тирезаҳои хонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо истифода мекунад.
Чӯбу тахтаи мавриди ниёзи ин корхона аз Русия ва Ӯзбакистон ворид мешавад .
Дар коргоҳи хайётии ин муҷтамаъ низ либосҳои мадраса, пизишкӣ, коргарӣ ва варзишӣ дӯхта хоҳад шуд .
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав якчанд мактаб, боғча, маркази дармонӣ, боғу сохтмони идории Ҳизби Халқӣ-Демократии варзишгоҳро ифтитоҳ кард .

Барчасп