Имзои 15 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i57931-Имзои_15_санади_ҳамкорӣ_миёни_Тоҷикистон_ва_Узбакистон
Ҳамоиши бозаргононии Тоҷикистон ва Узбакистон бо имзои 15 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои иқтисодии гуногун дар Душанбе баргузор шуд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 30, 2020 17:44 Asia/Dushanbe
  • Имзои 15 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон

Ҳамоиши бозаргононии Тоҷикистон ва Узбакистон бо имзои 15 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои иқтисодии гуногун дар Душанбе баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, бар асоси эъломи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон ин асноди ҳамкорӣ ба арзиши 50 миллион доллар тақрибан тамомии заминаҳои ҳамкории иқтисодиро пушиш медиҳад .

Ин ҳамоиш дар чорчуби ҳафтумин нишасти Комиссиони байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Узбакистон бо ширкати беш аз 300 нафар аз раисони ниҳодҳо, ширкатҳо ва созмонҳои давлатӣ ва ҳамчунин намояндагони бахши хусусии ду кишвар барпо шуд.

Image Caption

 

Ширкаткунандагон дар ин ҳамоиш ҳамчунин бо дигар ҳавзаҳои сармоягузорӣ ва фурсатҳои гардишгарӣ, саноатӣ, энержӣ ва хадамот ошно шуданд ва низ тарҳҳои муштараки ҳамкориро баррасӣ карданд.