Эмомалӣ Раҳмон: Густариши равобит бо Тошканд авлавияти мост
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт: Густариши равобит бо Узбакистон аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Душанбе аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар дидор бо Абдуллоҳ Орифов- нахуствазири Узбакистон дар Душанбе афзуд: Ҳифзи тамосҳои сиёсӣ ва гуфтугӯҳои мудовими байни мақомоти олии Душанбе ва Тошканд дар сатҳҳои олӣ ва тақвияти пай дар паи мушорикати роҳбурдии байни ду кишвар аз аҳамияти вижае бархурдор аст .
Раиси ҷумҳури Тоҷикистони ибрози итминон кард, ки натоиҷи кории Комиссиони муштараки ҳамкориҳои ду кишвар ба таҳкими равобити байни Душанбе ва Тошканд кумак хоҳад кард .
Раҳмон ҳамчунин аз давлати Узбакистон барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба Душанбе дар шароити густариши вируси корона қадрдонӣ кард .
Дар ин дидор, ду тараф бар тавсеъаи мудовим ва таъмиқи равобити ду кишвар, афзоиши мудовими тиҷорати мутақобил ва фаъолияти Комиссиони байни давлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ таъкид ва дар бораи заминаҳои ҷадиди ҳамкорӣ миёни ду кишвар аз ҷумла дар тавлиди барқу таъсиси зербиноҳои ҷодаӣ табодули назар карданд .
Раҳмон ва Орифов бо ишора ба таҳдиди ҷаҳонии шуйюъи корона баҳрагирӣ аз тадобири лозимро барои ҷилавгирӣ аз таъсири манфии буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ бар пӯёии равобити тиҷорӣ ва иқтисодии байни Душанбе ва Тошканд зарурӣ донистанд.