Афзоиши шумораи ҷонбохтагони корона дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i57941-Афзоиши_шумораи_ҷонбохтагони_корона_дар_Тоҷикистон
Шумори қурбониёни КОВИД 19 дар Тоҷикистон имрӯз бо як маврид фавтии дигар ба 76 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 30, 2020 17:05 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумораи ҷонбохтагони корона дар Тоҷикистон

Шумори қурбониёни КОВИД 19 дар Тоҷикистон имрӯз бо як маврид фавтии дигар ба 76 нафар расид.

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон бо такия ба омори маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, имрӯз низ бо сабти 43 ҳолати нави КОВИД19 дар Тоҷикистон, шумори гирифторон ба ин беморӣ ба 9 769 нафар расид.

Шумори беморони КОВИД 19 дар Тоҷикистон то соати 7 бегоҳии рӯзи чоршанбеи 30 сентябр 9.769 нафар эълом шуда,ки  8.572 нафари онон шифо ёфтанд.

Дар шабонарӯзи охир 74 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба КОВИД 19 дар марказҳои дармонии Тоҷикистон бистарӣ карда шуданд ва 41 нафар аз беморхонаҳо ҷавоб дода шуданд.

Қариб ҳазор нафар дар хонаҳои худ таҳти назорати пизишкон дармон мегиранд.