Шиносоии 41 бемори нави КОВИД 19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i57980-Шиносоии_41_бемори_нави_КОВИД_19_дар_Тоҷикистон
Шумори гирифторон ба КОВИД 19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 42 бемори нав дар соъати 19 рӯзи ҷумъаи 2 октябр ба 9 ҳазору 852 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 02, 2020 15:27 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 41 бемори нави КОВИД 19 дар Тоҷикистон

Шумори гирифторон ба КОВИД 19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 42 бемори нав дар соъати 19 рӯзи ҷумъаи 2 октябр ба 9 ҳазору 852 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз маркази матбуъоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ашхоси фавтшуда бар асари ин беморӣ низ то соъати 19 рӯзи ҷумъа ҳамон 77 нафари пешин аст.

 Аз 9 ҳазору 852 бемори КОВИД 19 дар Тоҷикистон то кунун 8 ҳазору 661 нафар беҳбуд ёфтаанд.

 Дар шабонарӯзи ахир 68 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба КОВИД 19 дар марказҳои дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 44 бемор ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

 Ҳудуди ҳазор нафар низ дар хонаҳои худ таҳти назорати пизишкон дармон мешаванд.