Октябр 02, 2020 19:42 Asia/Dushanbe
  • Марзи Тоҷикистону Узбакистон ҳануз баста аст

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки марзҳои ин кишвар бо Узбакистон ҳануз бозгушоӣ нашуда аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Азия Плюс , вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард :Дар нишасти ахири Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои ду кишвар дар шаҳри Душанбе дар бораи бозгушоии марзи муштарак аз аввали моҳи октябр тавофуқ шуд, аммо ҳануз ситоди муқобила бо КОВИД 19 дар ин замина тасмими худро эълом накарда аст.

 Бар ин асос мавзӯи бозгушоии дубораи марзҳои Тоҷикистону Узбакистон ба тасмими ин ситод бастагӣ хоҳад дошт.

 Ин дар ҳоле аст, ки ҳукумати Узбакистон аз бозгушоии марзҳои ин кишвар бо ҳамсоягонаш аз ҷумла Тоҷикистон аз рӯзи аввали моҳи октябр хабар дода аст.

 Бо ин ҳол манбаъҳои хабарии мустақил пешбинӣ мекунанд, ки марз бо Узбакистон пас аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 11 октябр бозгушоӣ шавад , ҳар чанд бо бозгушоии марзҳо низ рафту омади  шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ба кишварҳои ягдигар бо доштани гувоҳиномаи саломатӣ ва ба шарти гирифтор набудани онон ба КОВИД 19 имконпазир хоҳад буд.

 

Барчасп