Октябр 03, 2020 12:07 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши парвозҳо дар масири Душанбе ба Хорӯғ ба далели камбуди мусофир

Мақомоти ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” мегӯянд, ба далели камбуди мусофир парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба маркази вилояти Бадахшон коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, ин мақомот таъкид кардаанд, ки қарор буд ҳар ҳафта дубор дар ин масир парвоз анҷом шавад, аммо аз моҳи июл то ба ҳол танҳо 10 бор мусофир ба теъдоди кофӣ ҷамъ шуда ва ба шаҳри Хорӯғ мунтақил шудааст. Дар ҳоле, ки мебоист 24 парвоз дар ин масир анҷом мешуд ва акнӯн интиқоли мусофирон ба ҷамъ шудани теъдоди кофии онон бастагӣ хоҳад дошт.

Ба гуфтаи ин мақомот, ҳавопаймоӣ кӯчак метавонад бо 17 мусофир аз Душанбе ба Хорӯғ парвоз кунад, ки ин теъдод мусофир низ ҷамъ намешавад.

Қаблан қиммати билет барои ҳвр мусофир ҳазор сомонӣ буд, ки баъдан ба 750 сомонӣ коҳиш дода шуд. Ҳамчунин мудирияти Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе аз ширкати “Тоҷик Эйр” барои фурӯди ҳар парвоз дар ин масир маблағи 101 доллар ҳақи хадамоти фурӯдгоҳӣ талаб карда буд, ки ба дархости Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон ин авориз низ лағв шуд.

Барои парвоз дар ин масири 500 километрии кӯҳистонӣ аз ҳавопаймои кӯчак, ки метавонад масири ҳавоии Душанбе ба Хорӯғро ба муддати 1 соату 5 дақиқа, ки аз печидатарин роҳҳои ҳавоии ҷаҳон ба ҳисоб меояд тай кунад, истифода мешавад.