Ҳамкории Тошканд - Душанбе дар заминаи иктишофи муштараки маодин
Дар дидори раиси Дафтари марказиии заминшиносии Тоҷикистон ва раиси комитети давлатии заминшиносӣ ва манобеи маъдании Ӯзбекистон мавзӯи тақвияти равобити тарафайн баррасӣ шуд.
Раиси Дафтари марказии геологии вобаста ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Муҳаммадзода ва раиси Кумитаи давлатии геология ва захираҳои минералии Ӯзбекистон Бобир Исломов бо як ҳайати баландпоя вориди Душанбе шуда дидор ва гуфтугӯ карданд .
Дар ҷараёни ин мулоқот муносиботи оянда дар чорчӯби тавофуқномаи ҳамкории илмӣ ва таҳқиқотии байни ниҳодҳои муртабити ду кишвар баррасӣ шуд .
Тақвияти ҳамкорӣ дар манотиқи марзӣ, табодули таҷриба, ташкили конференсияҳои муштарак, табодули муқаррароти муртабит бо стандартҳои байналмилалӣ ва муҳосибаи захоири маъданӣ аз ҷумла мавзӯъоте буд, ки дар ин мулоқот мавриди баҳсу баррасии тарафайн қарор гирифт .
Тарафайн ҳамчунин бар зарурати ташкили давраҳои омӯзишӣ бо ҳадафи иртиқои маҳорати ҷавонони мутахассис дар ин замина таъкид карданд .
Шоёни зикр аст, ки тавофуқнома дар мавриди баргузории иқдомоти муштараки илмӣ ва таҳқиқотӣ дар ҳавзаи заминшиносӣ дар манотиқи марзии байни ду кишвар дар ҷараёни сафари Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар августи соли 2018 милодӣ ба имзо расидааст .