Сабти номи 258 хабарнигор ва 122 нозири байналмилалӣ дар интихоботи Тоҷикистон
Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон аз сабти номи 258 хабарнигор ва 122 нозири байналмилалӣ барои пӯшиш ва назорат бар раванди баргузории интихоботи ин кишвар дар рӯзи 11 октябр хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, мақомоти ин комиссия гуфтаанд, ки то ба ҳол 258 хабарнигори муҷаввизи пӯшиши хабарии баргузории интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарёфт кардаанд .
Ҳамчунин 122 нозири байналмилалӣ аз дабирхонаи Ҷомеаи Ҳамсуд , маҷмаъи байни порлумонии иттиҳоди давлатҳои мустақил, комитеи иҷроии Ҷомеаи Ҳамсуд, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва маҷмаъи порлумонии Русия ва Беларус бар раванди баргузории интихоботи рўзи 11 октябр назорат хоҳанд кард .
Кормандони теъдоде аз сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе низ ба унвони нозир дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур хоҳанд дошт .
Эмомалӣ Раҳмон номзади Ҳизби Халқии Демуокроатӣ, Рустами Латифзода номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров номзади Ҳизби Сотсиалист Рустам Раҳматзода номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябри рақобат хоҳанд кард .