Октябр 05, 2020 20:45 Asia/Dushanbe
  • Шумори мубталоён ба корона дар Тоҷикистон ба марзи 10 ҳазор нафар расид

Шумори беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 39 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи душанбе 5 октябр ба 9 ҳазору 974 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикисто , шумори афроди фавтшуда бар асари ин беморӣ низ то соати 19 рӯзи душанбе  5 октябр бидуни афзоиш  ҳамон 78 нафари пешин аст .
Аз 9 ҳазору 974 бемори Ковид - 19 дар Тоҷикистон то кунун ҳашт  ҳазору 794 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Дар шабонарӯзи ахири 59 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба Ковид - 19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон  бистарӣ ва 45 бемор ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Ҳудуди ҳазор нафар низ дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд .

Барчасп