Октябр 11, 2016 19:16 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди намояндаи Аврупо дар Тоҷикистон бар барқарории демократия дар ин кишвар

Раиси дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо ибрози нигаронӣ аз густариши ифротгароӣ дар ин кишвар гуфт: Яке аз роҳҳои мубориза бо густариши ин падидаи шум барқарории низоми демократия аст.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Ҳидоят Бишчевич, раиси дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон имрӯз дар ҳамоиши "Роҳҳои ҳалли мушкилоти ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ" дар шаҳри Душанбе гуфт: Хатари густариши ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ боиси нигаронӣ аст .

Ҳидоят Бишчевич афзуд: Аз онҷо, ки кишварҳои минтақаи Осиёи марказӣ бо Афғонистони ҳаммарз ҳастанд, хоста ё нохоста аз вазъияти ин кишвар таҳти таъсир қарор мегиранд ва Тоҷикистон дар байни ин кишварҳо шароити вижатаре дорад .

Бишчевич гуфт: Тоҷикистон, ки таҷрубаи талхи ҷанги шаҳрвандиро пушти сар гузоштааст, метавонад дар мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ аз ин таҷруба истифода кунад .

Раиси дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъкид кард: Шаҳрвандони тоҷик дар бораи ин масоили ҳассос набояд бетараф бимонанд, балки бояд бо давлати ин кишвар дар мубориза алайҳи ифротгароӣ ҳамкорӣ кунанд .

Ҳамоиши байналмилалии "Роҳҳои ҳалли мушкилоти ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ" бо ширкати намояндагони Иттиҳоди Аврупо, мақомоти давлати Тоҷикистон ва аҳзоб ва ташаккулҳои ин кишвар асри рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кардааст.