Октябр 06, 2020 15:34 Asia/Dushanbe
  • Барқарории дубораи парвозҳои муназзами Русия - Тоҷикистон дар ҳалқаи ибҳом

Номи Тоҷикистон дар феҳристи 24 кишваре ки Русия бо онҳо парвозҳои муназзам барқарор мекунад, дида намешавад.

Ба гузориши сомонаи РИА Новости, ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Тоҷикистон борҳо эълом кардаанд, ки омодаи аз саргирии парвозҳои муназзам бо Русия, бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ ҳастанд, вале Маскав дар ин маврид посухи мушаххасе надода аст.

Аз сӯи дигар, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон эълом кардааст, ки то барқарории парвозҳои муназзам миёни ду кишвар интиқоли коргарони муҳоҷири бекоршудаи тоҷик ва аъзои хонаводаҳои онон ба Тоҷикистон бо парвозҳои чартерӣ идома хоҳад ёфт.

Акнун бо 5 парвози чартерӣ рӯзона 900 нафар аз ин афрод ба Тоҷикистон мунтақил мешаванд.

Вай таъкид кардааст, ки аз замони густариши вируси корона беш аз 50 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири бекоршудаи тоҷик ва аъзои хонаводаҳои онон бо парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон мунтақил шудаанд.

Дар феҳристн, ки Русия барои барқарории парвозҳои муназзам мунташир карда, номи чаҳор кишвари Осиёи марказӣ низ зикр шудааст.

 

Барчасп