Нигоҳи коршиносони тоҷик ба ҳаводиси Қирғизистон
(last modified Wed, 07 Oct 2020 07:21:17 GMT )
Октябр 07, 2020 12:21 Asia/Dushanbe
  • Нигоҳи коршиносони тоҷик  ба ҳаводиси Қирғизистон

Дар ҳоле ки Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон то кунун ба ҳаводиси Қирғизистон вокуниш нишон надодаааст , коршиносони тоҷик ба арзёбии ҳаводиси ахири ин кишвар пардохтаанд

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Топтҷ, Зайниддин Сафаров- намояндаи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мегуяд дар ҳоли расад(пайгирӣ) кардани эътирозоти ахир дар Қирғизистон ҳастанд .

 Аз сӯи дигар Қосими Бекмуҳаммад-коршиноси сиёсӣ муътақид аст, ки баҳонаи эътирозоти ахир дар Қирғизистон шаффоф набудани натоиҷи интихоботи порлумонӣ аст, ки гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат қасд доштанд ба нафъи маҳфилҳои ҳоким тавозуни нерӯҳоро тағйир диҳанд.

 Вай мегуяд, ки шояд дар Қирғизистон сеюмин “табаддулот” ба таъбири давлати феълӣ ё “инқилоб” он гуна ки мухолифон мегуянд, иттифоқ науфтад, аммо нуктаи қобили мулоҳиза ин аст, ки дар ду инқилоби солҳои 2005 ва 2010 давлатмардони нав ҳамон иштибоҳоти гузаштаро такрор мекарданд, ки монеъи рушду пешрафти ин кишвар мешуд .

 Бо ин ҳол Бекмуҳаммад бар ин бовар аст, ки ба таври қатъӣ дар тавозуни нерӯҳои сиёсии Қирғизистон тағйири ҷиддӣ рух хоҳад дод.

 Мурод Муҳаммадшоев-таҳлилгари дигари тоҷик низ муътақид аст, ки баҳонаи ин ҳаводис дасткорӣ ва тақаллуб дар натиҷаҳои интихоботи парлумонии Қирғизистон буд, аммо ба назар мерасад акнун давлату мухолифон барои ҷилавгирӣ аз ҳарҷу мараҷи бештар бо ҳам музокира хоҳанд кард.