Октябр 07, 2020 20:16 Asia/Dushanbe
  • Шумори беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон аз 10 ҳазор нафар гузашт

Шумори беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 41 мавриди ҷадиди ибтило дар соати 19 рӯзи чаҳоршанбе 7 октябр ба 10 ҳазору 55 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори афроди фавтшуда бар асари ин бемори низ то соати 19 рӯзи чаҳоршанбе бидуни афзоиш  ҳамон 78 нафари пешин аст .
Ҳамчунин аз 10 ҳазору 55 бемори Ковид - 19 дар Тоҷикистон то кунун ҳашт  ҳазору 876 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Дар шабонарӯзи ахир  56 нафар низ ба гумон гирифтор шудан ба Ковид - 19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон  бистарӣ ва 39 бемор  ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Ҳудуди ҳазор нафар низ дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд .

Барчасп