Октябр 09, 2020 21:34 Asia/Dushanbe
  • Сурудаи бонуи шоири тоҷикистонӣ дар сӯги зиндаёд устод Шаҷариён

Бону Гулрухсори Сафи, шоири чирадасти тоҷикистонӣ бо сурудани шеъре дар расои зиндаёд – устод Муҳаммадризо Шаҷариён, ёду хотираи мондагори хусравовози Эронро гиромӣ дошт.

Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар сафҳаи Фейсбуки худ шеъри бону Гулрухсорро дар сӯги устод Муҳаммадризо Шаҷариён мунташир кардааст.

Гулрухсори Сафӣ, ки ӯро “Модари миллати тоҷик” лақаб додаанд, то кунун беш аз 50 асар дар заминаҳои шеър, роман ва пажӯҳиш мунташир кардааст.

Дар шеъри бону Гулрухсор омадааст:

Ба арши осмон пар боз кард аз хок

Хуршеде, ки гардунро барафрӯзад..

Ки анҷумро фаро гирад

Сано гӯяд Яздонро

Санои руҳи бемаргӣ

Магар хуршед мемирад?!

Намемирад! Намемирад..!

Гулрухсор дар идома навиштааст: “Барои ман боиси ифтихор ва хушбахтӣ аст, ки устод Шаҷариён соли 1990 бо даъвати инҷониб дар Бунёди фарҳанги Тоҷикистон ба кишвари мо омад ва бо муҳаббати гарми ҳаводорони тоҷик рӯ ба рӯ шуд”.

Вай бо ишора ба дидори зиндаёд устод Шаҷариён бо устод Одина Ҳошим, хонандаи номдори тоҷикистонӣ дар ин сафар, аз арҷгузории устод Шаҷариён ба ҳунари худододи устод Одина Ҳошим ёд кардааст.

Зиндаёд Муҳаммадризо Шаҷариён – устоди мусаллами овоз ва мусиқии Эрон рӯзи гузашта дар Теҳрон чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.  

 

Барчасп