Октябр 09, 2020 22:00 Asia/Dushanbe
  • Дидори нозирони Маҷмаи байнипорлумонии ИДМ бо мақомоти тоҷик

Нозирони Маҷмаи байнипорлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои назорат бар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ба сар мебаранд, бо мақомоти ин кишвар ва номзадҳои интихоботӣ дидор ва раванди омодагӣ барои баргузории ин интихоботро баррасӣ карданд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ин гурӯҳ бо Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дидор кард ва бо барномаҳои онон ошно шуд.

Ҳамчунин дар дидори ин гурӯҳ бо Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ, Муҳамадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссиюни марказии интихобот ва Абдуҷаббор Азизӣ, раиси ситоди интихоботии Эмомалӣ Раҳмон дар бораи омодагии марокизи раъйгирии ин кишвар баҳсу табодули назар шуд.

 

Барчасп