Октябр 10, 2020 13:24 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи сукӯт дар фазои интихоботии Тоҷикистон

Тибқи риволи ҳамаи давраҳои пешини интихобот дар Тоҷикистон, як рӯз монда то баргузории интихобот дар ин кишвар, сукӯти сиёсӣ ҳукмфармо мешавад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар ин рӯз ҳар навъи таблиғоти барномаҳои номзадҳо, назарсанҷӣ, пешбинии натоиҷ, раъйдиҳӣ ва интишори матолиб дар ҷонибдорӣ аз номзадҳо ва аҳзоб мамнӯъ аст.

Бар асоси эъломи Комиссиюни марказии интихобот, раъйгирӣ аз соати 6 субҳи фардо ба вақти маҳаллӣ дар 3 ҳазору 414 ҳавзаи интихобия дар дохил ва 39 марказ дар хориҷ аз Тоҷикистон оғоз мешавад.

258 хабарнигор ва 122 нозири байн‌алмилалӣ барои пӯшиш ва назорат бар раванди баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистони сабти ном шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби халқӣ- демократӣ, Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябр рақобат хоҳанд кард.

 

Барчасп