Октябр 10, 2020 14:48 Asia/Dushanbe
  • Нигоҳе ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон

Интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо рақобат байни панҷ номзад аз аҳзоби мухталиф фардо якшанбе (11 октябр) баргузор мешавад ва интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари Ҳизби ҳокими халқӣ- демокротии Тоҷикистон барои панҷуминбор пирӯз интихобот бошад ва ин мақомро ҳамчунон ҳифз кунад.

Агарчӣ то пеш аз соли 2016 раисиҷумҳурии Тоҷикистон барои як давраи 7 сола интихоб мешуд ва ҳеч фарде наметавонист барои беш аз ду давра раисиҷумҳури ин кишвар бошад, аммо бо ислоҳи Қонуни асосӣ ин ҳукм шомили Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ намешавад.

Бар асоси қонуни асосии ин кишвар ҳар фарде барои сабти номзадӣ бояд имзои 5 дарсад аз кулли раъйдиҳандагон (ҳудӯди 260 ҳазор имзо)-ро ба Комиссиюни марказии интихобот ироа диҳад. Имсол Рустам Латифзода, раиси Ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Федерасиюни иттиҳодияҳои синфии мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи ҷавонони Тоҷикистон ва раиси Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон, Рустам Раҳматзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Меъроҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба унвони номзадҳои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ сабти ном карданд.

Эмомалӣ Раҳмон барои панҷумин бор номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ аст ва ҳамонанди соли 2013 аз сӯи Ҳизби ҳокими халқӣ- демократӣ ва ҳамчунин Федерасиюни иттиҳодияи мустақили коргарӣ ва Иттиҳодияи ҷавонон номзад шудааст. Ӯ дар муаррифии барномаи интихоботии худ аз шохисҳои тавсеъаи муваффақи иҷтимоӣ ва иқтисодии солҳои ахир истифода мекунад. Эмомалӣ Раҳмон танҳо номзаде аст, ки дар барномаи худ масъалаи тавсеаи зерсохтҳо монанди сохти нерӯгоҳи Роғунро мавриди баҳс қарор медиҳад ва таъкид дорад, ки дар давраи қаблии раёсатҷумҳурӣ пружаҳои калидӣ барои тавсеаи Тоҷикистон оғоз шуда ва ӯ қасд дорад онҳоро такмил кунад.

Эмомалӣ Раҳмон аз авохири соли 1992 дар Тоҷикистон дар қудрат будааст ва дар ҳоли ҳозир ӯ бештарин муддати зимомдориро байни сарони давлатҳои кишварҳои Ҳамсӯд дорад.

Рустам Латифзодаи 60 сола, раиси Ҳизби кишоварзӣ дигар номзади раёсатҷумҳурӣ аст. Ин ҳизб ба таври муназзам номзадҳои худро барои интихобот муаррифӣ мекунад ва барномаи интихоботии он маъмулан мутобиқи фаъолиятҳои ин ҳизб тадвин мешавад.

Ҳизби кишоварзӣ дар интихоботи порлумонии соли гузашта пас аз ҳизби ҳоким бештарин курсиро дар порлумон аз они худ кард ва 7 курсӣ аз маҷмӯи 63 курсиро ба худ ихтисос дод.

Латиф‌зода аз соли 2014 раёсати Ҳизби кишоварзиро бар ӯҳда дошта ва дар порлумон низ раиси Кумитаи масоили кишоварзӣ ва манобеи обу замин аст. Латифзода дар барномаи интихоботии худ идеаҳои баландпарвозонатареро матраҳ кардааст. Ба унвони мисол ӯ пешниҳоди ҳаллу фасли муноқишаҳои марзӣ аз тариқи сукунати муҷаддад, пайвастани муҷаддад ба Иттиҳодияи гумрукӣ ва қонунӣ кардани чандҳамсариро матраҳ кардааст.

Абдулҳалим Ғаффорзодаи 68 сола, раиси Ҳизби сотсиалист ва намояндаи порлумон, дигар номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин сеюмин талоши Ғаффорзода барои тасаддии мақоми раёсатҷумҳурӣ аст. Ӯ дар интихоботи қаблӣ ваъдаи тавзеъи манобе дар кишвар ва тасҳили бюрократизми бонкӣ ва ислоҳи низоми молиётӣ ва ҳимояти иҷтимоӣ аз кӯдакон, модарон ва коргарони бахши умумиро дода буд.

Рустам Раҳматзодаи 57 сола, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ номзади дигари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки пешниҳоди тағйири куллии ҳавзаи қавонини иқтисодӣ шомили қавонини молиётӣ ва бонкиро додааст. Ӯ доктори илми иқтисод ва намояндаи порлумон аст, ки соли гузашта ба унвони раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ интихоб шуд. Раҳматизода танҳо номзаде аст, ки таъсири манфии тағийроти обу ҳавоӣ бар кишоварзиро мавриди тавваҷӯҳ қарор додааст. Кишоварзӣ аз бахшҳои калидии иқтисоди Тоҷикистон аст

Панҷумин номзади раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Меъроҷ Абдуллоеви 72 сола, раиси Ҳизби коммунист ва намояндаи маҷлиси ин кишвар аст. Ӯ дар барномаи интихоботии худ бар кантроли давлатӣ бар иқтисод ва тақвияти иттиҳоди миллӣ мутамаркиз шудааст. Эҷоди як ҷомеаи сотсиалистӣ бар асоси адолати иҷтимоӣ аз меҳварҳои аслии барномаи интихоботии ӯ аст.

Комиссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом карда, ки 258 намояндаи расона ва 122 нозири байналмилалӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Русия, Беларус ва чанд сафоратхонаҳо дар Душанбе дар Тоҷикистон сабт шудаанд.

Дар интихоботи қаблии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо касби 84 дарсади оро интихоб шуд.

 

Барчасп