Октябр 11, 2020 10:02 Asia/Dushanbe
  • Оғози раъйгирии  интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон

Шашумин давраи интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон аз соати 6 субҳи имрӯз дар 68 ҳавзаи интихобии дохилӣ ва 39 маркази раъйгирӣ дар хориҷ аз ин кишвар оғоз шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, Комиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон эълом кард, раъйгирӣ дар ин давра аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ то соати 20 ба вақти маҳаллӣ идома хоҳад ёфт.

Ин комиссиюн теъдоди маҳалҳои раъйгирӣ дар дохилу хориҷ аз Тоҷикистонро 3 ҳазору 375 марказ унвон кардааст.

258 хабарнигор ва 156 нозири байналмилалӣ барои пӯшиши хабарӣ ва назорат бар раванди баргузории интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон сабтином шудаанд.

Натоиҷи аввалияи шумориши оро 24 соати пас аз поёни раъйгирӣ ва натоиҷи ниҳоии он ду ҳафта баъд аз баргузории интихобот эълом хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон номзади Ҳизби халқӣ демократӣ, Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдуҳалим Ғаффоров номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон имрӯз дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рақобат мекунанд.

 

Барчасп