Октябр 13, 2020 11:53 Asia/Dushanbe
  • Нозирони байналмилалӣ дар бораи интихоботи Тоҷикистон дидгоҳои мутафовите доранд
    Нозирони байналмилалӣ дар бораи интихоботи Тоҷикистон дидгоҳои мутафовите доранд

Дар ҳоле, ки иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон барои нодида гирифтани тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар интиқод кардааст, нозирони Ҷомеаи Ҳамсуд ва Созмони Шанхай ин раъйгириро шаффоф ва озод арзёбӣ карданд.

Ба  гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи Питер Истано намояндаи иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки мақомоти Тоҷикистон  пас аз баргузории интихоботи порлумонии моҳи марти гузашта дар ин кишвар  тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро дар заминаи фароҳам кардани ҳузури расонаҳои хабарии мустақил ва чеҳраҳои мухолиф дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ нодида гирифтанд .
Иттиҳодияи Аврупо дар солҳои ахир аз мақомоти Тоҷикистон ба далели саркӯби мухолифон ва фишор бар расонаҳои хабарии мустақил интиқод мекунад .
Бо ин ҳол эълом шудааст, ки Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо арзёбии расмии худро дар бораи интихоботи ахири Тоҷикистони пас аз як моҳу ним аз рӯзи баргузории ин интихобот  эълом хоҳад кард .
Аммо нозирони байналмилалӣ аз дабирхонаи Ҷомеаи Ҳамсуд, маҷмаъи байни порлумонии иттиҳоди давлатҳои мустақил , комитеи иҷроии Ҷомеаи Ҳамсуд, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣу ва маҷмаъи порлумонии Русия ва Беларус интихоботи ахири раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаффофу демократӣ арзёбӣ кардаанд .
Бар асоси натоиҷи аввалияи шумориши ороии интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Тоҷикистон аз чаҳор миллиону 221 ҳазору 78 рой рехта шуда ба сандуқ  ҳудуди 90, 1 дарсад ба Эмомалӣ Раҳмон раъй додаанд .

Барчасп