Мушорикати мутахассисони чинӣ дар бозсозии нерӯгоҳи Сарбанди Тоҷикистон
-
Нерӯгоҳи Сарбанд бо таҷҳизоти чинӣ бозсозӣ мешавад
Мутахассисони чинӣ марҳилаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи барқӣ-обии Сарбанди Тоҷикистонро оғоз карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, барномаи бозсозии шаш турбини нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд бо 136 миллион доллар кумаки ройгони Бонки Рушди Осиё дар ду марҳала анҷом хоҳад шуд .
Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз поёни бозсозии комили таҷҳизоти нерӯгоҳи Сарбанд дар вилояти Хатлон дар соли 2022 хабар дод, ки бо таҷҳизоти сохти Чин ва ба дасти мутахассисони чинӣ анҷом хоҳад шуд .
Пас аз бозсозии кулли ин нерӯгоҳ, тавони тавлиди барқи он аз 236 мегавати феълӣ ба 270 мегават хоҳад раиед .
Нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд ки 58 сол қабл рӯи рӯдхонаи Вахш сохта шудааст акнун ниёз ба бозсозии таҷҳизотӣ дорад .
Ин нерӯгоҳ дар ин муддат 50 миллиард киловат соат барқ тавлид кардааст .
Нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд пас аз нерӯгоҳҳои Норак бо зарфияти тавлиди ду миллиону 700 мегаватт, сангтӯда 670 мегаватт ва Бойғозӣ 600 мегаватт барқ дар сол чаҳорумин нерӯгоҳи бузурги Тоҷикистон аст .