Коҳиши бардошти пахта дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 13 Oct 2020 08:47:22 GMT )
Октябр 13, 2020 13:47 Asia/Dushanbe
  • 238 ҳазор тонна пахта аз мазореъи Тоҷикистон бардошт шуд
    238 ҳазор тонна пахта аз мазореъи Тоҷикистон бардошт шуд

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз бардошти 238 ҳазор тонна пахта аз мазореъи ин кишвар хабар дод, ки баробар бо 57 дар сад аз нақшаи ҳозираи ҷамъоварии ҳосил аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, аз ин мизон  173 ҳазор тонна саҳми вилояти Хатлон, 63 ҳазор тонна саҳми вилояти Суғд ва наздик ба се ҳазор тонна мутаъаллиқ ба кишоварзони навоҳии марказии Тоҷикистон аст .
Дар давраи мушобеҳи соли қабл аз мазореъи зери кишти пахтаи Тоҷикистон  270 ҳазор тонна маҳсул бардошт шуд, ки баробар бо 83 дарсад аз барномаи давлатӣ буд .
Дар маҷмӯъ дар соли 2019 аз 185 ҳазор гектар  замини зери кишти ин маҳсул дар Тоҷикистони 403 ҳазор тонна пахта бардошт шуд, ки дар муқоиса бо соли 2018, 34 дарсад  афзоиш нишон медиҳад .
Ба гуфтаи мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон  имсол аз 186 ҳазор гектар замини зери кишти пахта дар ин кишвар бардошти 421 ҳазор тонна маҳсул  барномарезӣ шудааст .
Пахта пас аз олуминиюм  дувумин маҳсули муҳимми содиротии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд, ки бахши умдаи он ба шакли хом содир мешавад .