Октябр 14, 2020 11:57 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон то соли 2027 раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон аст
    Эмомалӣ Раҳмон то соли 2027 раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон аст

Вазифаҳо ва мушкилоти пеши рӯи Эмомалии Раҳмон дар давраи 7 солаи нави раёсати ҷумҳӯрии вай дар Тоҷикистон бо мушорикати коршиносони умури Авруосиё дар Маскав мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , бештари коршиносони ҳозир дар ин нишаст, ки хабаргузории “Россия Сегодня” онро баргузор кард , ба зарурати ҳалли мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон ба унвони омили муҳими ҳифзи суботи иҷтимоӣ дар ин кишвар дар давраи нави раёсати ҷумҳӯрии Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд.

 Коршиносон эҷоди осониҳо барои бахши хусусӣ ва коҳиши фишори ниҳодҳои назоратӣ ва таҳқиқу тафтиш аз фаъолони ин бахш, коҳиши вобастагии шадиди Тоҷикистон ба воридоти маҳсулот, ба вижа маводи ғизоӣ аз хориҷ ва пайдо кардани манбаъҳои нави даромадӣ ба ғайр аз пулҳои ирсолии коргарони муҳоҷир аз хориҷро аз ҷумлаи вазифаҳои давлати Тоҷикистон дар давраи нави ҳукмронии Раҳмон донистанд .

 Коҳиши такя ба қарзҳои Чин ва ҷустуҷуи манбаъҳои дигари дарёфти эътибороти молӣ аз дигар кишварҳо ва ниҳодҳои молии байналмиллалӣ ва минтақаӣ , коҳиши раванди муҳоҷирати нерӯи кор ба хориҷ ва эҷоди ҷои кор барои ин ашхос дар дохили кишвар низ аз дигар тавсияҳои коршиносони умури Авруосиё барои Тоҷикистон буд .

 Дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин дар бораи шароити интиқоли қудрат дар оянда дар Тоҷикистон баҳсу табодул назар шуд.

Барчасп