Сафари раиси Ҷумҳурии Русия ба Тоҷикистон
Июн 28, 2022 09:21 Asia/Dushanbe
Раиси Ҷумҳурии Русия ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия ҳафтаи ҷорӣ ба манзури дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе сафар мекунад.
Ин матлаб дар барномаи шабакаи телевизиони як Русия эълом шуд.
Ин аввалин сафари хориҷаи раиси Ҷумҳурии Русия баъд аз оғози амалиёти низоми дар Украина аст.
Барчасп