Барои интиқоли қудрат дар Тоҷикистон таҷрибаи кадом кишвар беҳтар аст?
-
Мавзӯи интиқоли қудрат дар Тоҷикистон дар Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт
Масъули ҳамоҳангии маркази таҳлилии “АвруОсиёи бузург” дар Русия муътақид аст, ки барои Тоҷикистон таҷрибаи интиқоли қудрат дар Қазоқистон метавонад намунаи муваффақ бошад.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Сергей Масаулов ин матлабро дар нишасти “вазоиф ва мушкилоти пешорӯйи Эмомалӣ Раҳмон дар давраи 7 солаи ҷадиди раёсати ҷумҳурии вай дар Тоҷикистон” бо мушорикати коршиносони умури АвруОсиё дар Маскав иброз кард.
Вай гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон метавонад 7 соли худ дар симати раёсатиҷумҳурӣ фаъолият кунад ва дар сурати ҳар иттифоқе қудратро ба Рустами Эмомалӣ, фарзандаш ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бар асоси қонуни асосии ин кишвар вогузор намояд.
Таҷрибаҳои интиқоли қудрат дар Осиёи Марказӣ
Масъули ҳамоҳангии маркази таҳлилии “АвруОсиёи бузург” дар Русия сипас дар бораи се таҷрибаи интиқоли қудрат дар Осиёи Марказӣ, ки дар Туркманистон, Ӯзбакистон ва Қазоқистон иттифоқ афтод тавзеҳ дод.
Вай гуфт: “Дар Туркманистон дар соли 2006 ва дар Ӯзбакистон дар соли 2017 дар пайи даргузашти раисони ин ду ҷумҳурӣ шоҳиди интиқоли мусолиматомези қудрат будем. Бо ин ҳол барои Тоҷикистон намунаи интиқоли қудрат дар Қазоқистон қобили тасаввур аст, ки Нурсултон Назарбоев бо вуҷуди канор рафтан аз симати раёсати ҷумҳурӣ ҳамчунон ба унвони раиси Шӯрои амнияти миллӣ бар ҳамаи умур назорат дорад”.
Бештар бихонед:
Канорагирии раиси ҷумҳурии Қазоқистон аз қудрат
Таъйиди расмии хабари даргузашти раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон