Ҳабси абад – муҷозоти «хиёнат ба ватан» дар Тоҷикистон эълом шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i5836-Ҳабси_абад_муҷозоти_хиёнат_ба_ватан_дар_Тоҷикистон_эълом_шуд
Дар сурати тасвиби тағйир дар Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, аз ин ба баъд ҳар шаҳрванде, ки маҳкум ба «хиёнат ба ватан» шавад, муҷозоти ӯ ҳабси абад хоҳад буд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 12, 2016 15:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳабси абад – муҷозоти «хиёнат ба ватан» дар Тоҷикистон эълом шуд

Дар сурати тасвиби тағйир дар Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, аз ин ба баъд ҳар шаҳрванде, ки маҳкум ба «хиёнат ба ватан» шавад, муҷозоти ӯ ҳабси абад хоҳад буд.

Ба гузориши Форс, давлати Тоҷикистон ахиран санадеро барои эҷоди тағйирот дар Қонуни ҷиноии ин кишвар, дар мавриди муҷозот барои хиёнат ба ватан ба Маҷлиси намояндагон ироа кардааст, ки дар сурати тасвиби он ҳар шаҳрванде, ки ба ватан хиёнат кунад, ба ҳабси абад маҳкум хоҳад шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Парлумони Тоҷикистон, бар асоси пешниҳоди давлати Тоҷикистон, ба банди 305 Қонуни ҷиноии ин кишвар як банди нав изофа хоҳад шуд, ки бар асоси он коркунони давлатӣ, ниҳодҳои интизомӣ, амниятӣ ва дифоӣ барои содир кардани ҷинояти «хиёнат ба ватан» барои 25 сол бо мусодираи амвол ва дар ҳолатҳои истисноӣ ба ҳабси абад маҳкум хоҳанд шуд.

Пешниҳоди тағйирот ба банди ҷурми «хиёнат ба ватан» аз ҷониби давлати Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки қабл аз ин бар асоси банди 30 Қонуни ҷиноии ин кишвар, муҷозот барои хиёнат ба ватан 12 то 20 сол зиндон ба ҳамроҳ дошт.

Қабл аз ин Ғафор Мирзоев – фармондеҳи пешини горди миллӣ, раиси собиқи Ожонси мубориза бо маводи мухаддир ва раиси пешини Кумитаи олимпии Тоҷикистон тавассути ниҳодҳои интизомии ин кишвар дар августи соли 2004 боздошт шуд ва Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2006 вайро ба ҳабси абад маҳкум кард.