Эҳдои таҷҳизоти роёнаӣ ба донишомӯзони афғон дар Душанбе
(last modified Sun, 18 Oct 2020 08:34:12 GMT )
Октябр 18, 2020 13:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳинд 25 дастгоҳ роёнаро ба донишомӯзони афғон дар Душанбе эҳдо кард
    Ҳинд 25 дастгоҳ роёнаро ба донишомӯзони афғон дар Душанбе эҳдо кард

Сафорати Ҳинд дар Душанбе ба мадрисаи донишомӯзони афғон дар пойтахти Тоҷикистон таҷҳизоти роёнаӣ эҳдо кард.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Virj Singkh, сафири Ҳинд дар Душанбе 25 дастгоҳи роёна ва таҷҳизоти ҷонибии онро ба донишомӯзони мадрисаи афғонҳо дар Душанбе эҳдо кард.

Мадрисаи мавсӯм ба Сомониён танҳо маркази омӯзишӣ барои кӯдакони афғони муқими Душанбе дар соли 2000 таъсис шуд.

Дар ин мадриса 480 донишомӯзи афғон машғӯл ба таҳсил мебошанд.

Сафорати Ҳинд дар Душанбе ҳамчунин эълом кардааст, ки ба зуддӣ озмоишгоҳи роёнаии ин мадрисаро ифтитоҳ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ ҳамвора таҷҳизот, навиштафзор ва либоси мадрасаро дар ихтиёри донишомӯзони ин маркази омӯзишӣ қарор медиҳад.

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Баргузории олимпиадаи адабии донишомӯзӣ бо ҳузури кишварҳои форсизабон

 

Нуктаҳои коронаӣ, ки донишомӯзон бояд дар мактаб риоя кунанд