Октябр 18, 2020 20:06 Asia/Dushanbe
  • Дархости гурӯҳе аз пизишкони ҷавони ноҳияи Зафаробод барои ҳалли мушкили маскан

Гурӯҳе аз пизишкони ҷавони ноҳияи Зафаробод дар вилояти Суғд аз мақомоти ин минтақа дархост кардаанд, ки барои ҳалли мушкили маскани онон замин вогузор кунанд, то худ иқдом ба сохти хона намоянд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, ин афрод, ки аз манотиқи дигар барои кор ба ноҳияи Зафаробод эъзом шудаанд, мегӯянд, ки дар хонаҳои иҷораӣ сукунат доранд ва бо ҳуқуқи феълӣ наметавонанд барои худ манозили маскунӣ харидорӣ кунанд, зеро ҳуқуқи моҳиёнаи онон  700 сомонӣ ( муодили 75 доллар) мебошад, ки имкони хариди хона тайи солҳои тӯлониро намедиҳад.
Бо гузашти ду сол аз тарҳи ин мавзӯ  мақомот маҳаллӣ мегӯянд, ки аз мушкили пизишкони ҷавон итилоъ доранд. Аммо мавзӯи вогузории замин барои сохти хона аз ихтиёроти ҳукумати марказии Тоҷикистон мебошад. Зеро бахши умдаи заминҳои ин минтақа давлатӣ асту таҳти кишти маҳсулоти кишоварзӣ қарор дорад, ки бидуни мувофиқати ҳукумати марказии Тоҷикистон  тағйири корбарӣ додан ва судури муҷаввизи сохти манозили маскунӣ дар ин  заминҳо ғайримумкин мебошад.
Ин дарҳоле аст, ки заминхарӣ дар Тоҷикистон яке аз бештарин  парвандаҳои ҷиноиро тайи солҳои ахир ба худ ихтисос додааст .

Барчасп