Октябр 18, 2020 20:37 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 38 нафарии шумори беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон

Шумори беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 38 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи якшанбе 18 октябр ба 10 ҳазору 493 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои хуросон ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ низ бидуни афзоиш ҳамон 80 нафари пешин аст.

Ҳамунин аз 10 ҳазору 493 бемори Ковид -19 дар Тоҷикистон токунун 9 ҳазору 511 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 35 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба корона дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 54 бемор ҳам аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Барчасп