Октябр 13, 2016 10:48 Asia/Dushanbe
  • Кӯмак ба Тоҷикистон дар тарҳи ҷадиди Созмони паймони амнияти ҷамъӣ

Дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД) аз кӯмаки ин ниҳод ба Тоҷикистон дар чорчӯби тарҳи ҷадиди мубориза бо терроризм хабардод.

Ба гузориши сойти Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, Николай Бордюжа дар гуфтугӯи мустақим бо шабака телевизионии "Мир -24" дар бораи авзои амниятӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, мубориза бо гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир, муқобила бо гурӯҳҳои такфирӣ ибрози назар кардааст.

Вай таъкид кардааст, ки ба далели афзоиши таҳдидоти террористӣ дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ акнун раванди тадвини тарҳи ҷадиди шиносоӣ ва кашфи ҳастаҳои гурӯҳҳои такфирӣ, масирҳои интиқоли ҷавонон ба Сурия ва Ироқ ва кор бо афроде, ки аз ин кишварҳо бозгашт кардаанд, ағоз шудааст.

Ба гуфтаи Бордюжа дар Тоҷикистон таҷрибаи фаровоне, дар заминаи фаъолияти шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ ҷамъорӣ шудааст, ки бино бар шаҳодати афроди бозгашт карда аз Сурия ва Ироқ мебошад ва ҷиноёти ҳавлноки ин созмони такфириро ифшо мекунад. Аз ин рӯ, ин матолиб барои равшан кардани азҳони умумӣ дар заминаи аҳдофи ДИИШ, аз аҳамияти зиёде бархӯрдор мебошад.

Вай гуфтааст, ки кишварҳои узви ин созмон барои таҷҳизи нерӯи марзбонии Тоҷикистон аз нигоҳи таслиҳотӣ ва таҷҳизотӣ ба манзури муқобила бо таҳдидҳои амниятии ноши аз фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон кӯмак кардаанд. Дар чорчӯби ин барнома, танҳо тайи як соли ахир дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон 84 посгоҳи марзбонии ҷадид эҳдос шудааст ва 100 посгоҳ дар дасти сохт мебошад.

Бордюжа гуфтааст, ки дар бораи ин мавзуот дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмонм паймонм амниятм ҷамъӣ, ки қарор аст, рӯзи 14  октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Арманистон баргузор шавад, баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ҳастанд.