Афзоиши 40 нафарии шумори мубталоёни корона дар Тоҷикистон
Шумори беморони Ковид -19 дар тоҷикистон бо шиносоии 40 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи душанбе 19 октябр ба 10 ҳазору 533 нафар расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбохтагони ин беморӣ низ бидуни афзоиш ҳамон 80 нафари пешин аст.
Ҳамчунин аз 10 ҳазору 533 бемори Ковид - 19 дар Тоҷикистон токунун 9 ҳазору 563 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Тасмими Тоҷикистон барои хариди ваксинаи русии корона мушаххас нест
Дар шабонарӯзи ахир 37 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба корона дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 52 бемор ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Ҳудуди ҳазор нафар низ дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.
бештар бихонед: