Октябр 20, 2020 13:22 Asia/Dushanbe
  • Монеатарошиҳое, ки беш аз 17 ҳазор ширкати хусусиро мутаваққиф кард
    Монеатарошиҳое, ки беш аз 17 ҳазор ширкати хусусиро мутаваққиф кард

Таи 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 17 ҳазору шашсад нафар аз фаъолони бахши хусусӣ ва ширкатҳо фаъолияти хешро мутаваққиф кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз сомонаи Тоҷвик, Ожонси давлатии омори Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии ин кишвар эълом кард таи ин муддат беш аз 14 ҳазору 400 нафар аз фаъолони бахши хусусӣ дорои муҷаввиз ва 1 ҳазору 700 ширкати кишоварзӣ ва 824 фард, ки дорои гувоҳинома буданд, муҷаввизи иштиғоли худро лағв кардаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки то рӯзи аввали моҳи октябри равон дар Тоҷикистон 337 ҳазор нафар ба унвони фаъолони бахши хусусӣ сабтином шудаанд.

Аз сӯи дигар Дафтари намояндгии барномаи рушди Созмони миллали муттаҳид дар Тоҷикистон бо интишори гузорише таъкид кардааст, ки ширкатҳо ва корхонаҳои бузурги давлатӣ дар роҳи фаъолияти бахши хусусӣ монеатарошӣ мекунанд . дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон низ бо инҳисори бахшҳои энержӣ, истихроҷи конҳо ва филизоти рангӣ, саноати маводи ғизоӣ, сохтмонсозӣ, ҳамлу нақл, ҳавопаймоӣ ва мухобирот ва иртиботот шароити яксони фаъолият барои бахши хусусиро фароҳам намесозад.

Аммо коршиносон ва иқтисоддонони тоҷик муътақиданд андози сангин, суди болои қарзҳои бонкӣ ва таҳқиқу тафаҳҳуси ниҳодҳои назоратии ҳукуматӣ аз фаъолони бахши хусусӣ иллати аслии даст аз кор кашидани ин афрод аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп