Май 28, 2024 10:43 Asia/Dushanbe

Вазири хориҷаи Колумбия аз қатъи робитаи ин кишвар бо режими саҳюнистӣ хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Луис Мурило-вазири хориҷаи Колумбия дирӯз гуфт: Кишвараш таҳти ҳидояти Коставо Пиетро-раисҷумҳури ин кишвар ба далели риоят накардани қонунҳои башардӯстонаи байналмилалӣ аз тарафи режими саҳюнистӣ , равобити худро бо ин режим қатъ кардааст.

 Мурило дар мусоҳиба бо шабакаи Алҷазира таъкид кард: Колумбия ба иҷрои тасмими раисҷумҳури ин кишвар барои ифтитоҳи сафорати Колумбия дар Ромуллоҳ-воқеъ дар каронаи бохтарии руди Урдун идома медиҳад.

 Вазири хориҷаи Колумбия афзуд: Пиетро аз ибтидо мавозеъи рушане дошт ва ончиро, ки дар Ғазза иттифоқ афтод, ба шиддат маҳкум кард.

 Вазири хориҷаи Колумбия бо ишора ба ин, ки муддате аст барои озодии асирон ва ҳамчунин оташбас талош мекунем, афзуд: Наслкушии кунунӣ ғайри қобили таҳаммул аст.

 Мурило бо маҳкумияти наслкушии фаластиниҳо аз сӯи режими саҳюнистӣ ва дархости оташбас, баргузории маҷмаъ ё конфронси байналмилалӣ барои дастёбӣ ба сулҳро хостор шуд.

 

 

Барчасп