Мафҳуми кор аз роҳи дур дар Тоҷикистон ҷанбаи қонунӣ пайдо кард
-
Дуркории кормандон ба Тоҷикистон расид
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ворид кардани ислоҳия ба қонуни кори ин кишвар ба мафҳуми кор аз роҳи дур ваҷҳаи ҳуқуқӣ эъто кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ба далели густариши вируси корона дўркории кормандон дар Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони ин кишвар дар нишасти ахири худ ба мафҳуми кор аз роҳи дур ҷанбаи ҳуқуқӣ эъто кард.
Бар асоси банди изофашуда ба қонуни кори Тоҷикистон афроде, ки дар шароити густариши КОВИД-19 бо мувофиқати корфармоён ва масъулони созмонҳо ва идорот кории худро аз роҳи дур ва аз тариқи интернет анҷом медиҳанд, аз назари ҳуқуқ ва мазоё бо дигар кормандон дар ҷойгоҳи мусовӣ қарор хоҳанд гирифт.
Аз ин рӯ фаъолияти ин афрод мутобиқ бо қонуни кори Тоҷикистон ва муқаррароти иштиғол дар идорот ва созмонҳои ин кишвар хоҳад буд.
Бештар бихонед: