Октябр 20, 2020 21:34 Asia/Dushanbe
  • Дар Хуҷанди Тоҷикистон дастури афзоиши маҳдудиятҳо дар баргузории маросими арӯсӣ содир шудааст
    Дар Хуҷанди Тоҷикистон дастури афзоиши маҳдудиятҳо дар баргузории маросими арӯсӣ содир шудааст

Мақомоти шаҳрдории Хуҷанд бо эъломи ин ки 45 дарсад аз беморони Ковид – 19 дар ин шаҳр дар пайи ҳузур дар маросими арӯсӣ олуда шудаанд, дастури маҳдудият дар ин заминаро содир карданд.

Ба гузориши “Спутник”, Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдори Хуҷанд дастур додааст, ки ҳангоми баргузории маросими арӯсӣ ҳар гуна барнома бо ширкати навозандагон, аксбардорон ва ҳузури дӯстони арӯсу домод мамнуъ карда шавад.

Бар ин асос, танҳо ба 4 нафар иҷоза дода мешавад, ки ҳангоми сабти издивоҷ дар дафтарҳои расмӣ ҳузур ёбанд ва маросими ҷорӣ кардани хутбаи никоҳ низ ба шиддат маҳдуд ва бо ширкати волидайну наздикон баргузор хоҳад шуд.

Шаҳрдори Хуҷанд таҳдид кардааст, ки дар сурати тахаллуф аз ин дастур маҷбур мешавад баргузории маросими арӯсиро комилан мамнуъ кунад.

 

Қонуни муҷозоти даврони корона

 

 

 

 

 

 

 

 

Ба ин манзур волидайни арӯсу домод қабл аз баргузории маросими маҳдуд тааҳҳуди катбӣ хоҳанд дод, ки дастури нави шаҳрдориро муроот хоҳанд кард.

 

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузориши мақомоти идораи тандурустии шаҳри Хуҷанд то ба имрӯз 4 ҳазору 650 мавриди мубтало шудани сокинони маркази вилояти Суғд ба Ковид – 19 сабт шуда, ки беш аз 3 ҳазор нафар дар бемористонҳо ва як ҳазору 500 тан низ дар хонаҳои хеш таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.

 

 

Бештар бихонед:

Барчасп