Октябр 20, 2020 22:35 Asia/Dushanbe
  • 41 бемори дигари Ковид 19 дар Тоҷикистон шиносоӣ шуд
    41 бемори дигари Ковид 19 дар Тоҷикистон шиносоӣ шуд

41 бемори ҷадиди Ковид -19 то соати 19 рӯзи сешанбеи 20 октябр дар Тоҷикистон шиносоӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони Ковид -19 дар ин кишвар бо шиносоии 41 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи сешанбеи 20 октябр ба 10 ҳазору 574 нафар расид.

Шумори ҷонбохтагони Ковид -19 дар Тоҷикистон бидуни афзоиш ҳамон 80 нафари пешин аст.

Ҳамчунин аз 10 ҳазору 574 бемори Ковид -19 дар Тоҷикистон то кунун 9 ҳазору 617 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 52 бемор ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Беш аз ҳазор нафар низ дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.

Барчасп