Имзои санади ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ
Бори аввал байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ созишномаи дусолаи виртуалӣ ба имзо расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, «Ҷамолиддин Абдуллозода» вазири беҳдошт ва ҳифозати иҷтимоии Тоҷикистон ва « Ҳанс Клуг» раиси дафтари минтақаии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Аврупо ба сурати видиоӣ бо якдигар дидор карданд.
Абдуллоҳзода ба Дафтари минтақавии Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар Аврупо барои кумаки доимӣ дар мубориза бо беморииҳамагири корона қадрдонӣ кард.
"Имрӯз як рӯзи таърихан муҳим аст, зеро бори аввал миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ созишномаи дусола имзо мешавад", - гуфт ӯ.
Абдуллозода итминон дод, ки ҳукумати Тоҷикистон ба принсипҳои ҳамкории ҷаҳонӣ дар самти решакан кардани коронавирус содиқ аст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар охирин омори худ теъдоди гирифторони бемории коронаро 10574 нафар, шифоёфтагонро 9617 нафар ва онҳое, ки аз ин беморӣ фавтидаанд, 80 нафар эълом кард.
бештар бихонед: