Октябр 21, 2020 21:18 Asia/Dushanbe
  • Маоши баъзе нафақахӯрон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 10% зиёд шудааст
    Маоши баъзе нафақахӯрон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 10% зиёд шудааст

Бо вуҷуди эълони 15 дарсад боло рафтани нафақа дар Тоҷикистон аз 1 сентябр, танҳо маоши баъзеҳо 10 фоиз афзудааст ва баъзеҳо аслан зиёд нашудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, талошҳои ин хабаргузорӣ барои дарёфти тавзеҳи масъулони агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва умури нафақахӯрони Тоҷикистон ба ҷоӣ нарасидааст ва ба тамосҳо бо шумораи телефонҳои ин ниҳод, ки дар сомонаи расмии он мавҷуд аст, касе посух намедиҳад. 

Ин дар ҳоле, аст ки мақомоти ин ожонс қаблан эълом карда буданд, ки дар нуҳ моҳи гузашта бо касрии 147 миллион сомонӣ барои пардохти маоши 711 ҳазор нафақахӯр рӯ ба рӯ будаанд.

Аз сӯи дигар, ҳадди аққали нафақаи моҳона дар Тоҷикистон 303 сомонӣ (муодили 30 доллар) -ро ташкил медиҳад, ки ин музди пасттарин дар байни кишварҳои Осиёи Марказист.

Ҳамин тариқ, шумораи зиёди нафақахӯрон дар Тоҷикистон бар онанд, ки афзоиши 15% -и маош барои онҳо аҳамият надорад ва ба афзоиши таваррум, ки дар натиҷаи паҳншавии вируси корона ба амал омадааст, посух намедиҳад.

бештар бихонед:

 

Барчасп